23 Ноябр 2024 - 19:48
Ғарибободӣ : Судури ҳукми боздошти Натанёҳу ва Голонт пирӯзӣ барои ҳомиёни Фаластин аст

Муовини ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Эрон, судури ҳукми Девони кайфарии байналмилалии дар бораи боздошти Бинёмин Натанёҳу ва Юоу Голонт-нахуствазир ва вазири собиқи ҷанги режими саҳюнистиро як пирӯзии бузург барои ҳомиёни Фаластин донист.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Козими Ғарибободӣ-муовини ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба муҳим будани ин раъйи таърихӣ афзуд : Раъйи содира як пирӯзии бузург барои мардуми мазлуми Фаластин, меҳвари муқовимат ва ҳомиёни онҳо ва як шикаст барои режими саҳюнистӣ ва ҳомиёни ин режим аст.

 Ғарибободӣ афзуд: Дар ҳамин муддати кӯтоҳ аз судури ҳукм , кишварҳои бисёре бар истиқлол девон кайфари байналмилалӣ ва ҳокимият ва бар иҷрои он таъкид карданд, яъне агар Бинёмин Натанёҳу ва Юоу Голонт-нахуствазири ҷинояткор ва вазири собиқи ҷанги режими саҳюнистӣ ба қаламрави ин кишварҳо бираванд, дастгиршон хоҳанд кард.

 Муовини ҳуқуқии Вазорати умури хориҷаи Эрон дар идома дар хусуси парвандаи Фаластин дар Девони байналмилалии кайфарӣ аз соли 2015, афзуд: Ин ҷиноятҳо ба андозае буд, ки додситони Девони кайфарӣ ҳам натавонист аз канори он убур карда ва онҳоро нодида бигирад.

 Ғарибободӣ тасреҳ кард: Ин ҳукм нишон медиҳад, ки Девони кайфарии байналмилалӣ ҳам ба ин натиҷа расида, ки режими ҷинояткори саҳюнистӣ даст ба ҷиноёти ҷангӣ шудааст.

Девони кайфарии байналмилалӣ дирӯз панҷшанбе (21 ноябр) дастури боздошти Натанёҳу ва Голонтро ба иттиҳоми иртикоби ҷинояти ҷангӣ, ҷиноят алайҳи башарият ва истифода аз гуруснагӣ (гуруснасозии мардуми Ғазза) ба унвони як силоҳ содир кардааст.

 Дар ҳамалоти артиши режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза, ки бо ҳимоят ва ҳамкории Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ дар ҳоли анҷом аст, аз ҳафтуми октябр соли 2023 то кунун беш аз 44 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 104 ҳазор нафар дигар захмӣ шуданд.

342/